БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ДАР МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бештар маълумот пайдо кардани сокинон  аз бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаи Ахчаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави   ноҳияи Қубодиён  чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуда, дар он корманони ҳизбӣ оид ба пешгирии бемориҳояи сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ба сокинон маълумоти зарурӣ дода, таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар оила аз ҳама  роҳи хуби   пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Аз ин хотир   барои эмин мондан аз чунин бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ, тозагии манзили зист  диқкати ҷиддӣ додан  шарт ва зарур аст.  Баъдан ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg