![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200406_095941.jpg?itok=w3rRQVyu)
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар асоси дастуру супоришҳои макомоти болоии ҲХДТ дар тамоми деҳаю маҳаллаҳои ноҳия бо сокинон ҷиҳати пешгирии хатари бемории коронавирус (СOVID -19) корҳои фаҳмондадиҳиро бурда истодаанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара гурӯҳи корӣ ташкил карда, дар ҳудуди ҷамоатҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия, Донишгоҳу Коллеҷҳо корҳои таблиғотию тарғиботиро пеш бурда истодаанд.
Дар корҳои фаҳмондадиҳӣ аз хабару гузориш ва маводҳои таблиғотии васоити ахбори оммаи расмӣ, тавсияҳо барои пешгирӣ аз коронавирус, сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ истифода карда шудааст. Инчунин, варақаҳои тавсиявиро бо усули “хона ба хона” вобаста ба гигиенаи шахсӣ ва моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар ҷойҳои сераҳолӣ мунтазам кор рафт истодааст.