![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20200409_141824.jpg?itok=iirOOWrT)
БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустӣ, шахсони фаъолу ташаббускор таъсис ёфта, имрӯзҳо дар ҳудуди 26 маҳаллаи шаҳр корҳои оммафаҳмонӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус идома дорад. То имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар маҷмӯъ 9 744 хоҷагӣ бо фарогирии 53 357 нафар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст, ки 59% аҳолии шаҳрро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки ба гурӯҳҳои кории мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва ихтиёриён, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” шомиланд. Ҳамзамон, аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои корӣ зиёда аз 18 ҳазор варақаҳои иттилоотӣ дастраси сокинон карда шудааст.