Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Калинин Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” баргузор гашта истодааст. Ҳадаф аз баргузории чорабинии ҳизбӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирии аз коронавируси навъи (covid -19) буда, аз ҷониби масъулин ба сокинон зиёда аз 110 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд. Инчунин, таъкид карда шуд, ки ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал риоя намояд.
Тавсия дода шуд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, мушкилии нафаскашӣ ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.