БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ МОРО АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭМИН НИГОҲ МЕДОРАД

 ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат 2”-и  ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон ва  дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  бемории сироятии вируси тоҷдор  доир гардид.

Масъулин зимнан  оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемории сироятии  коронавирус ҳарф зада, таъкид намуданд, ки  тибқи тавсияҳои  мутахассисони соҳаи тандурустӣ  ба риояи гигиенаи шахсӣ, таъмини  утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо бо маводҳои  антисептикӣ, поккориҳо дар хонаҳои истиқоматӣ, шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои  поккунанда васе истифода намоянд.

Сипас,  дар ин бора ба ҳамагон варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгири бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он дастрас карда шуд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg