БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТИ ҶАВОНУ АЗ ҶАВОНОН АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик дар  ҳайати раиси   Кумитаи иҷроия  Раҷабзода Маҳмадсаид вохӯрӣ доир гардид. Зимни мулоқот, мавсуф  қайд кард, ки ҳадафҳои стратегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Инчунин, дар мавзӯи Оиннома ва Барномаи намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан »,  пешгирӣ аз вируси тоҷдор, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷахониро ба ташвиш овардааст, суханронӣ карда шуда, аз ҷавонону наврасон даъват ба амал оварда шуд, ки шумо насли ҷавону наврас ояндаи давлату  миллат мебошед, мебояд аз қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирӣ  аз бемориҳои сироятӣ  истифода намоед. Чунки Тољикистон давлати љавон асту аз љавонон аст.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg