БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ПАЙВАСТА ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр ба як оилаи ниёзманди ҷомеа кӯмаки яквақтаинаи моддию моливӣ расонида шуд.

Зимни аёдат ва дастрас намудани кумакҳо, раиси Кумитаи иҷроия Ватанзода Саидҷаъфр ва дигар шахсони масъул иброз намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа тавваҷуҳи махсус доранд ва онҳоро ҳамеша дастгирӣ ва нигоҳубин мекунанд.

Сарвари оила Таваров Иброҳим, ки худ низ маъюби гурӯҳи дуюм мебошад, аз дастгириву ғамхориҳои фаъолони ҲХДТ миннатдорӣ намуда, арзи сипоси хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  баён дошт.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg