БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДРО АЗ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМОЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи  Солҳои таҳкими  худшиносии  миллӣ.  Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХД дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти  ибтидоии “Дурахшон” мулоқот доир карда шуд.

Масъулин  зимни баромади хеш қайд намуданд, ки айни замон масъалаи пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зикр карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд. Дар идомаи суҳбат роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус аз ҷониби масъулин маълумот пешниҳод карда шуд.

Бояд гуфт, ки чунин мулоқотҳо бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои пешгирии сирояти коронавирус мунтазам дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ доир карда мешаванд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg