КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021)
Бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ёрии таъҷилӣ” вохӯрӣ доир карда шуд.
Аввалан аз ҷониби масъулин ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ аз назар гузаронида шуда, бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо иштирокдорон мулоқот доир карда шуд. Қайд гардид, ки Вазорати тандурустии кишвар дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута айни замон барои пешгирии бемории сироятии коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида, хушбахтона, то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.