БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО ПАЙВАСТА АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ МУҲОФИЗАТ НАМО!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ,  аз ҷумла бемории короновирус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Балҷувон бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ин беморӣ вохӯрии навбатӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ,  аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  баргузор гардид.

Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки ҳар як нафарро мебояд, ки ба гигиенаи шахсӣ диққати аввалиндараҷа диҳад  то худ ва дигаронро аз сироятёбӣ  ба бемориҳои сироятӣ муҳофизат намояд.Қайд карда шуд, ки ҷавонону наврасон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, пас кӯшиш намоед, ки аз давраи мактабӣ оғоз карда, ба оддитарин қоидаҳои гигиенӣ ва зебоипарастӣ одат намоед. Ҳамчунин, ба хонандагон тавсияҳои  Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироятӣ ба коронавируси нав  расонида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg