Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза дар аксари кишварҳои олам шумораи зиёди одамон ба бемории короновирус гирифтор мешаванд. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои ин беморӣ гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав суҳбату вохӯриро бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг»-и оҳия баргузор намуданд.
Масъулин дар рафти суҳбат доир ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки саломатии мо дар дасти худи мост, барои ин пеш аз ҳама ба қоидаҳои беҳдошти оила, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собун ва ғайраҳоро анљом диҳед.
Ҳамчунин, дар доираи вохӯриҳо ба ҳозирин фаҳмониданд, ки коронавирус табобатшаванда аст ва ягон нафар бояд ба таҳлука наафтода, роҳи наҷот аз он эҳтиёту тозагӣ, риояи гигиенаи шахсӣ мебошад.