БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БА ХОТИРИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади маълумоти бештар пайдо кардани сокинон аз бемории сироятии  коронавирус  дар ҳудуди ноҳияи Хуросон  бо ҷалби фаъолон, аъзо  ва ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла мутахассисони соҳаи тандурустӣ корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ҳамарӯза доир гардида  истодаанд.

Чунин чорабинии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидзода Раҳмон баргузор гардида, дар он мавсуф дар бораи  пешгирӣ аз  бемории сироятии коронавирус ва риояи гигиенаи шахсӣ андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки  риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ  ба манфиати мо буда, мо метавонем бо истифода аз  тавсияҳои духтурон  аз бемориҳои сирояткунанда худ ва дигаронро ҳифз намоем.

Сипас, ба љамъомадагон  варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он  дастрас карда шуд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg