ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус ва шиносоӣ аз ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ» ташриф оварданд.
Масъулон зимнан оид ба бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирии он суҳбат намуда, иброз доштанд, ки дар ташкилоти ибтидоӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ маводҳои антисептикиро таъмин намоянд, то ин кормандону мизоҷон аз ин маводҳои безараргардонӣ васеъ истифода намоянд.
Ҳамзамон, оид ба ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилоти мазкур ба раиси ташкилоти ибтидоӣ тавсияҳо дода шуд.