ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Танобчии боло” баргузор гардид.
Сараввал, раиси Кумитаи иҷроия Раљабзода Маҳмадсаид оид ба бемории сироятии коронавирус, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта, бо зиндагии босаодат таъин шуда истодаанд. Ин пешравиҳо барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватани худ хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.
Зимнан таъкид карда шуд, ки ободу зебо кардани маҳали зист, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ яке аз хислатҳои беҳтарину азалии мардуми мо мебошад. Хусусан, дар шароити паҳншавии босуръати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эътибори ҷиддӣ додан ба ин масъалаҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Дар охири суҳбат ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.