ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Танобчии миёна” баргузор гардид.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроия Маҳмадсаид Раҷабзода оид ба бемории сироятии коронавирус ба хотири маълумоти зарурӣ пайдо кардани сокинон андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки он қорҳои фаҳмондадиҳӣ, безараргардоние, ки дар қаламрави ҷумҳурияамон гузаронида шуда истодааст, ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ буда, моро лозим аст аз тавсияҳои мутахассисони соҳа васеъ истифода намоем, то ин ки худ ва дигаронро аз сироятёбии ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда эмин нигаҳ дорем. Дар охири суҳбат ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.