БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба роҳҳои пешгирии бемории коронавирус дар ташкилоту муассисаҳои маркази шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, аз варақаҳои иттилоотӣ, барои пешгирӣ аз коронавирус (COVID-19) истифода намуда, ҳамарӯза ба мардум нисбати ин вируси хатарнок тавсияҳои муфид пешниҳод намуда истодаанд.

Дар вохӯриву суҳбатҳо бо сокинон намояндагони ҳизбӣ вохӯриҳо доир карда, таъкид менамоянд, ки бояд донист, ки аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди мушакҳо мебошад. Бемории зикршуда аввал нафаскаширо душвор сохта, баъд ба кори шуш халал ворид месозаду дар ҳолати саривақт пешгирӣ накардан, инсонро ба марг оварда мерасонад.

Дар ин росто моро зарур аст, ки ба тозагї ва гигиенаи шахсї диќќат дода, ҳавои хонањоро зуд-зуд иваз намоем ва бо ин роњ худу атрофиёнамонро аз сироятёбї ба ин беморї эмин нигох дорем!

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg