ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ барои пешгирии бемории сироятии (СOVID-19) дар бозори марказии ноҳия ба хотири маълумоти бештар пайдо кардани шаҳрвандон аз бемориҳои сироятӣ чорабинии ҳизбӣ доир карда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ дастрас намуданд. Инчунин, дар баробари паҳн кардани маводҳои таблиғотӣ таъкид карданд, ки ба таҳлука наафтода барои пешгирии бемории сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд. Мунтазам дастонро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонида, аз муоширати наздик бо шахсони бемор худдорӣ кунанд.