КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар ва муовини прокурори ноҳия Шарифзода Маҳмадамин дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия Кӯшониён бо сокинон корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба даъвати ихтиёрии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус гузаронида мешавад.
Масъулин дар рафти суҳбат қайд карданд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Мо имрӯз бояд ҷавононро баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини амният ва сулҳу суботи кишварамон равона созем.
Инчунин, оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус қайд карда шуд, ки тамоми он тадбирҳои тиббию профилактикӣ, ки дар қаламрави мамлакат анҷом дода мешавад, танҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои интиқол наёфтани бемории коронавирус ба кишвар мебошад. Риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ аз воситаҳои асосии пешгирӣ аз ҳолати сироятёбии ин беморӣ мебошад.