КӮЛОБ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус навъи (COVID-19) ва аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб корҳои тарғиботиро идома дода истодаанд.
Дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷи дониш” намояндагони ҳизбӣ мулоқот доир намуда, ба саъми иштирокдорон расонида шуд, ки тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешгирии бемории коронавирус қатъиян риоя намоянд. Риояи тавсияҳои мазкур ба хотири пешгирӣ аз пандемияи короновирус буда, барои саломатӣ ва солимии ҳар шаҳрванд аҳамияти муҳим дорад.