БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ОМИЛИ ПЕШГИРИИ COVID-19

КӮЛОБ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳро намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки  мутахассисони соҳаи тиб дар якҷоягӣ   идома дода истодаанд.

Ин навбат гурӯҳи корӣ  дар  ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи ғадудҳои дарунаи шаҳри  Кӯлоб”  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оид ба хатари бемории (ковид-19) маълумот доданд. Дар рафти суҳбат аз сокинони  даъват ба амал оварданд, ки ба тозагии утоқҳои корӣ  диққати махсус диҳанд. Зеро яке аз омилҳои пайдоиши тамоми намудҳои вирус ва микробҳо ин  риоя накардани гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ  мебошад. Аз ҷумла, тавсия дода шуд, ки мунтазам гузаронидани поккорӣ дар хона бо истифода аз маҳлулҳои хлордор, шустани дастон бо собун ва дигар маводҳои антисептикӣ ба манфиати  кор хоҳад буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg