
КӮЛОБ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Чунин вохӯрӣ дар дар ташкилоти ибтидоии “МТТҲС-и шаҳри Кӯлоб” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Масъулин аз тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, оид ба пешгирии бемории коронавирус бо онҳо мулоқот карданд. Дар суҳбат ба ҳозирин қайд намуд, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона, вируси коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо онро нодида гирем ва талаботҳои беҳдоштиро риоя накунем. Таъкид карда шуд, ки то ба эътидол омадани вазъият аз салому алейки наздик бо даст, гирифтани оғӯш худдорӣ намоянд.