Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати мубориза бо бемории сироятии коронавирус ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” сурат гирифта истодааст. Зимни суҳбат масъулин оид ба бемории сироятии коронавирус навъи (covid-19) ҳарф зада, сокинониро таъкид карданд, ки ба ҳар овозаҳои беасос дода нашуда, барои пешгирии ин бемории сироятӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода намоянд. Сипас, ба ҳамагон барои маълумоти зарурӣ пайдо кардан аз ин бемории сироятӣ варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.