БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ НАҶОТ АЗ КОРОНАВИРУС РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСИСТ

Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо  хуруҷи  бемории сироятии  короновирус ҷомеаи  ҷаҳонро  ба  ташвиш  овардааст.  Ҳамарӯза  дар  аксари  кишварҳои  олам шумораи   зиёди  одамон ба  ин  беморӣ   гирифтор  мешаванд. Сироятёбӣ  ва  фавти  одамон  бар  асари  вируси  мазкур дар пурқудраттарин  кишварҳои  дунё хеле  зиёд  ба  қайд  гирифта  шудааст.  Бо  мақсади  ба  мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории  коронавирус гурӯҳи  кории     Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав    суҳбату  вохӯриҳоро  бо    ҷавонону наврасони   муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  26 -и  ноҳия     баргузор  намуданд.

Масъулин дар суҳбат оид ба  пешгирӣ  аз  ин  бемории  хатарнок сухан гуфта,   қайд  намуданд, ки  саломатии  мо  дар  дасти  худи  мост, барои  ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, шустани  дастон  бо  собун ва  дигар  қоидаҳои  гигиенаи  шахсиро  риоя кардан зарур аст.  Ҳамчунин,  дар  доираи  вохӯриҳо ба  иштирокдорон  фаҳмониданд, ки коронавирус  табобатшаванда  аст  ва  ягон  нафар  бояд  ба  таҳлука наафтода, барои  пешгирӣ аз он  эҳтиёту  тозагиро   риоя  кунад.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg