ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати мубориза бо бемории сироятии (COVID -19) ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоти ибтидоии «Нури Хуросон» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон сурат гирифт. Дар суҳбат масъулин оид ба бемории сироятии коронавирус ҳарф зада, ҷамъомадагонро таъкид карданд, ки ба ҳар овозаҳои беасос дода нашуда, барои пешгирии ин бемории сироятӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранонок истифода намоянд. Сипас, ба ҳамагон барои маълумоти зарурӣ пайдо кардан аз ин бемории сироятӣ варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.