ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Левакант барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар маркази шаҳр корҳои фахмондадиҳиро ҳамарӯза ба роҳ монда, ҳамзамон омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбороти расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни мардум ва кормандони ташкилоту муассисаҳо тарғиб карда истодаанд. Дар ин раванд аз варақаҳои иттилоотӣ тавсияҳо барои пешгирӣ аз коронавирус (COVID-19) истифода намуда, ба мардум дастрас карда истодаанд.
Боиси қайд аст, ки бо дастгирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин росто моро зарур аст, ки қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намоем худ ва дигаронро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорем.