ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ барои ба аҳолӣ фаҳмонидани риояи ҳатмии чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Яке аз чунин суҳбатҳои муфид дар ташкилоти ибтидоии “Ҳамдилон “ доир гардида, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзиев зимни суҳбат ҳозиринро ба риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенӣ даъват карда, зикр намуд, ки хушбахтона, то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ ҳодисаи сироятшавӣ ба короновирус ба қайд гирифта нашудааст, вале чораҳои пешгирикунанда рӯз то рӯз тақвият меёбанд. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба тозагию озодагӣ риоя намоем, қоидаҳои ҳатмиро риоя кунем. Зеро саломатии миллат ва ҷомеа аз саломатии ҳар яки мо вобастагии калон дорад.