ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавируси навъи (COVID-19) дар ташкилоти ибтидоии “Алишер” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуда, инчунин, доир ба чораҳои пешгирии ин вируси хатарнок, ки имрӯзҳо ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, маълумот дода шуд.