БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ АСОСИ РОҲИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳаёти солим аз риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, машғул шудан ба варзиш ва истеъмоли ғизои солим вобастагии калон дорад. Риояи ин меъёрҳо воситаи асосии пешгирӣ аз сирояти ҳама гуна бемориҳо мебошад. Аз ин хотир табибон риояи қоидаҳои гигиенаи шахсиро барои ҳар як нафар амри зарур медонанд.

Вохӯрӣ ва дастрас намудани варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус бо сокинони шаҳр аз ҷониби  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо усули “хона ба хона” идома дорад.

Масъулин таъкид доштанд, ки агар мо ба риояи гигиенаи шахсӣ мувофиқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ риоя намоем, боварӣ дорем аз бемориҳои сироятӣ наҷот меёбем.  Имрӯз, ки ҷаҳон  аз паҳншавии бештари коронавирус дар таҳлука афтодааст, хушбахтона дар ҳудуди кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва моро зарур,  аст ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар деҳаву маҳал ҷоннок намуда, мардумро аз ин  масъала огоҳ намоем.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg