НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади таъмини пешгирӣ аз бемории коронавирус ва омилҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ба роҳ мондааст.
Инчунин, дар ин раванд Аксияи ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” дар деҳаву маҳал роҳандозӣ гардида, оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ тавсияҳои судманд ва варақаҳои таблиғотӣ ба сокинон дастрас шуда истодаанд. Ба сокинон таъкид карда шуд, ки дар кӯча ва хонаҳои худ қоидаҳои беҳдоштиро хуб риоя намуда, худ ва дигаронро аз ҳама намуди касалиҳои сироятӣ эъмин нигоҳ доранд.