
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ва бемории коронавирус миёни кормандони муассисаи мазкур доир гардид.
Масъулин дар вохӯрӣ иброз доштанд, ки коронавирус, яке аз бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот ба ҳисоб рафта, роҳҳои пешгирӣ ва сари вақт ошкор намудани ин бемориро ҳатман донистан мебояд, нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус ин баландшавии ҳарорати бадан, сулфа ва мушкилӣ дар нафаскашӣ мебошад.