БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОН БА МАНФИАТИ МОСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани  бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи   Гагарини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия бо усули “хона ба хона”  корҳои фаҳмондадиҳиро  оид ба пешгирии ин беморӣ  баргузор намуданд.

Масъулин дар чорабинии мазкур оид ба роҳҳои гузариши  коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ онро ба аҳолии деҳа фаҳмониданд. Дар  рафти суҳбатҳо  диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз сокинон  даъват карда шуд,  ки қоидаҳои тозагии ҳавливу лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон  аз ин   бемории хавфнок ба онҳо  маводҳои  таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg