КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус навъи (COVID-19) кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои тарғиботиро бо усули “хона ба хона” идома дорад. Чунин чорабинӣ дар деҳаи Хурсандии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо дастрас кардани маводҳои тарғиботӣ роҳандозӣ карда шуда, оид ба беҳдошти муҳити атроф ва фарҳангу оини рӯзгордорӣ, таҳияи ғизову гигиенаи шахсӣ ва фаҳмонидани одоби муоширатро низ ба роҳ монданд.