КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ҷиҳати истиқболи сазовори фасли нозанини сол -баҳор, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаҳои кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳрии №1” шанбегии дастаҷаъмона баргузор гардид.
Дар шанбегии мазкур зиёда аз 50 нафар аъзои ҲХДТ гирду атрофи бинои муассисаро тамиз намуда, бо ин васила дар рушду нумуи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.