![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/1_228.jpg?itok=pqfNcCBW)
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “И.Сомонӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар минтақаи Кӯлоб вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Паҳншавии коронавирусро дар Фаронса, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дар якчанд давлатҳои дигар мушоҳида намуданд.
Дар навбати худ кормандони ҳизбӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки , бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ин коронавирусро ҳатман донист.