
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил” мулоқот атрофи пешгирии бемории сироятии коронавирус доир карданд.
Нахуст, масъулин аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, ба онҳо ҷиҳати ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ баҳои баланд доданд. Дар фарҷом ба ҷамъомадагон тавсия дода шуд, ки чунин талаботҳои беҳдоштӣ, ба монанди дастҳоро пайваста бо собун ва оби гарм шустан, аз даҳонбанд (маска) истифода бурдан, бе зарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан, ва дигар талаботҳои беҳдоштӣ тавсия дода шударо риоя намуда, саломатии худ ва ҷамъиятро ҳифз намоянд.