
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар маҳаллаи Саъдии Шерозии Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён бо усули “хона ба хона” ҷиҳати бештар маълумот пайдо кардани сокинон аз бемории сироятии коронавирус чорабинии ҳизбӣ доир карда шуд.
Дар чорабиниӣ масъулин варақаҳои таблиғотиро ба сокинон дастрас карда, таъкид намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, яке аз роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад.