![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200410_121444.jpg?itok=bNKoacyy)
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Насли наврас” ҷиҳати бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар он намояндагони ҳизбӣ оид ба пешгирии бемории сироятӣ ва нишонаҳои пайдоиши он ҳарф зада, онҳоро барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки ба саломатии инсон муфид мебошад, раҳнамоӣ карданд. Инчунин, дар ин раванд маводҳои таблиғотии пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ ба шаҳрвандон дастрас карда шуд.