ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо усули “хона ба хона” ҷараён дошта, чунин чорабинии ҳизбӣ дар деҳаи Қубодиёни ҷамоати деҳоти Деҳқонобод баргузор гардид.
Дар корҳои оммафаҳмони масъулин сокинонро таъкид карданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ одамро аз сироятёбӣ муҳофизат мекунад. Сипас, ба онҳо варақаҳои иттиллоотӣ оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ ва нишонаҳои он дастрас карда шуд.