ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Кадучӣ”-и ҷамоати деӽоти ба номи М. Вайсов вохӯрӣ доир гардид.
Дар суҳбат иброз гардид, ки бо мақсади муҳофизат кардани худ ва дигарон аз сирояти вирус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштро тавсия медиҳад. Бояд зуд-зуд дастонро бо собун ва зери оби равон шуст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунон ҳангоми нигоҳубини беморон, тайёр кардани хӯрок, пас аз рафтан ба ҳоҷатхона ё партовҳо.Инчунин, аксар вақт бояд дастонро бо маводҳои антисептикӣ тоза кунед. Ин ва дигар чораҳои муҳофизат аз коронавирусро тавассути пахш кардани ин амал пайдо кардан мумкин аст.