БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ, аз љумла фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони он ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа аз ҷониби шахсони саховатманду хайрхоҳ, узви фаъол ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Расулзода Баҳром дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба 35 оилаҳои ниёзманд, ятимон, шахсони яккаву танҳо кумакҳои яквақтаинаи моддӣ, ба 15 нафар маъюбон кумакҳои молиявӣ, ба 10 нафар кормандони соҳаи тиб, ки имрӯзҳо барои пешгирии бемории воронавирус хизмат намуда истодаанд, дар маҷмуъ ба зиёда аз 60 нафар кумакҳо расониида шуд. Зимни аёдат ва дастрас намудани кумакҳо Расулзода Баҳром, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Иброҳимзода Неъматулло ва дигар шахсони масъул иштирок дошта, қайд карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа тавваҷуҳи махсус доранд ва онҳоро ҳамеша дастгирӣ ва нигоҳубин мекунанд.
Сокинон барои тваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо доштани чунин Пешвои ҳалиму ғамхор мефахрем.
Ҳамзамон, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солдагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Расулзода Баҳром дар ҳудуди маҳаллаҳои ба номи “Ҷамила Мирзоқодирова”, “Зарбдор” ва “Дӯстӣ”-и шаҳр 650 метр роҳ сангфарш карда шуд.