БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Баҳри пешгирии ҳамгуна бемориҳои сироятӣ, махсусан беморие,ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро зери ташвиш қарор додааст, яъне коронавируси навъи (COVID-19) корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоти ибтидоии “Хироб” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон вохӯрӣ доир гардид.
Дар суҳбат раиси Кумитаи иҷроия қайд кард, ки хушбахтона, дар Тоҷикистон коронавирус вабои аср ба қайд гирифта нашудааст.Аз ин рӯ, ҳар як шахсро зарур аст, ки ба ҳаргуна овозаҳои бардурӯғу беасос дода нашуда, барои пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ба гигенаӣ шахсӣ ва тозагии хонадону маҳал риояи қатъӣ намояд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки яке аз сабабҳои ба зудӣ сироятёбии шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ дар давлатҳое, ки ба ин беморӣ мубтало гардидаанд, ин риоя накардани одоби муошират ва гаштугузори оммавӣ мебошад. Ба ин хотир аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки то як давраи муайян ба тавсияҳои додаи табибон гӯш карда, гигенаӣ шахсиро риоя намоянд, то ин ки худ ва дигаронро аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ эъмин нигоҳ дорем.