БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории короновирус ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон бо усули "хона ба хона" баргузор намуда истодаанд.
Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Самар”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим доир гардида, мардумро барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тарзу усулҳои гуногуне, ки вазорати тандурустӣ ва тибби умумиҷаҳонӣ оид ба пешгирии бемории короновирус қабул намудааст, тавсияҳо дода, изҳор гардид, ки пайваста тариқи васоити ахбори омма ва варақаҳои таблиғотӣ оид ба ин беморӣ маслиҳатҳои муфид ба намоиш ва нашр гардида истодаанд, ки ҳар як нафар метавонад ба таври васеъ аз ин тавсияҳо истифода барад худ ва дигаронро муҳофизат намояд.
Ба ин хотир ҳар як нафарро зарур аст, ба тозагӣ, риояи гигенаи шахсӣ ва оилавӣ диққати зарурӣ махсус дода, худ ва дигаронро аз сироятёбӣ ҳифз намояд.