БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Калтачанор”-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон бо иштироки зиёда аз 200 нафар аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», фаъолони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони Кумитаи иҷроия ноҳиявӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар дарёи сурхоб соҳилмустаҳкамкунӣ сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки чигунае, ки ба ҳамагон маълум аст, айни ҳол дар фасли баҳор ќарор дорем, ин фасл дар баробари зебогиҳои худ хатарҳоро бо боридани боронҳои пай дар пай ба вуҷуд меорад.
Баҳри пешгирӣ аз офатҳои табиии обхезие, ки деҳаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев ва Тоҷикистонро зери хатари оби дарёи сурхоб ќарор медиҳад, сокинонро бетараф нагузошта, ҳама якдилона ва дастаҷаъмона барои бартараф намудани хатари обхезӣ як ќатор корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба анҷом расонида истодаанд.