БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ЭМИН БОШЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар муассисаҳои таълимӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” баргузор гашта истодааст. Ҳадаф аз баргузории  чорабинии ҳизбӣ пешгирӣ  аз бемории сироятии  коронавирус  буда, аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ ба аҳолӣ зиёда аз 90 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки масъулин зимни дастрас намудани варақаҳои таблиғотӣ  шаҳрвандонро хотиррасон карда истодаанд, ки хушбахтона, дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал риоя намояд.
Инчунин, тавсия дода шуд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, мушкилии нафаскашӣ ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат кунанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg