БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҲАР ЯК ИНСОН АЗ ХУДИ Ӯ ВОБАСТА АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар  ташкилоти ибтидоии “Хуррамзамин”   баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроия оид ба бемории сироятии коронавирус маълумоти муфассал дода, таъкид дошт, ки  солимии ҳар  як инсон  аз худи ӯ вобаста  аст.

Сипас, дар идома оид ба  вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки мо мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил шуда, ба зиндагии босаодат таъмин гаштаем. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватан ҳиссагузор бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg