БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҲАР ЯКИ МО АЗ МУҲИТИ ЗИСТИ МО ВОБАСТА АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар  ташкилоти ибтидоии “Маъмурдашт”   оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим  мулоқот баргузор намуданд.

Дар суҳбат масъулин дар бораи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим фикру  андешаҳои хешро баён дошта, зикр карданд, ки имрӯзҳо дар давлатҳои хориҷӣ  бемории сироятии вируси тоҷдор хуруҷ карда истодааст ва боиси марги ҳазорон  нафар шаҳрвандон низ шудааст. Хушбахтона, то ба имрӯз дар ҷумҳурии мо ин бемори сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ тамоми мақомотҳои дахлдор корҳои беҳдоштиро ба роҳ мондаанд. Аз ин хотир мо шаҳрвандонро зарур аст,  тарзи ҳаёти солимро пеша карда, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ  худ ва наздиконамонро муҳофизат намоем.

Дар охир ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.

  

       

 

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg