ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварзӣ” баргузор гардид.
Сараввал, раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Мамадсаид оид ба бемории сироятии коронавирус маълумоти муфассал дода, таъкид кард, ки риояи беҳдошти санитарӣ ба манфиати ҳар яки мо буда, мо метавонем бо истифода аз тавсияҳои табибон солимии худ ва ҷомеаро таъмин намоем. Инчунин, мавсуф дар бораи вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки вазифаи ҷонии мо ба ҳисоб меравад, сухан гуфта, ҳамагонро барои татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоӣ кард.
Дар охири суҳбат ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.