ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ барои пешгирии бемории сироятии (СOVID-19) як қатор корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ба роҳ монда истодааст. Чунин вохӯрии судманд дар ташкилоти ибтидоии “Коммуналӣ” бо мақсади пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ доир гардида, аз иштирокчиёни вохӯрӣ хоҳиш карда шуд, ки ба таҳлука наафтода, барои пешгирии бемории сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, мунтазам дастонро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонида, аз муоширати наздик бо шахсони бемор худдорӣ намоянд. Чунин вохӯриҳо дар ташкилоту идораҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳал идома доранд.