ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар бозори “Асадуллоева” таҳти унвони «Эҳтиёт ними ҳаёт!” Аксияи ҳизбӣ доир гардид.
Масъулини Аксияи ҳизбӣ зимни тақсимоти варақаҳо ба сокинон ҳушдор доданд, ки ба хотири пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус онҳо бояд бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, сари вақт бо оби гарм ва собун шустани дастон ва дигар корҳои тозагиро риоя намоянд. Таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани масъуният ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус, сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст. Ҳамчунин, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба овозаҳои сироятёбии ин беморӣ дар Тоҷикистон бовар накунанд, зеро ин беморӣ то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.