Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини бехатарӣ аз коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол корҳои фаҳмондадиҳиро ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни сокинон ва кормандону хонадагони муассисаҳои таълимӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монда истодааст.
Ҷиҳати бештар ба гигиенаи шахсӣ ва моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар чойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳо безаруратро фаҳмонида, таъкид карданд, ки аз сироятёбии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эҳтиёт бошанд ва ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд.